7 Июл 2025 - 23:20
Source: Parstoday
Муовини вазири хориҷа : Наметавон аз таҷовузи ошкори Амрикову режими Исроил ба Эрон ба осонӣ убӯр кард

Порстудей - Маҷиди Тахтиравончӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо шабакаи “ NBC “-и Амрико бо ишора ба музокироти ғайримустақими Эрону Амрико бо миёнҷигарии Уммон дар тӯли моҳҳои гузашта гуфт : Дарҳои дипломосӣ баста нашудааст.

Ба гузориши Порстудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр , Тахтиравончӣ тасреҳ кард : Наметавон аз таҷовузи ошкори Амрико ва режими Исроил ба Эрон ба осонӣ убур кард ; мардуми Эрон садамоти зиёдеро дар натиҷаи таҷовузи Исроилу Амрико мутаҳаммил шуданд . Чи гуна метавонем инро фаромӯш кунем ? !

Дипломати аршади Эрон гуфт : Ду рӯз қабл аз шурӯи шашумин даври музокироти байни Эрону Амрико бо ҳимоятҳои ин кишвари режими саҳюнистӣ ба Эрон ҳамла кард, ки бузургтарин зарба ба дипломасӣ буд ; ин бузургтарин зарба ба эътимоди мавриди ниёз барои як музокираи воқеӣ аст . Амрикоиҳо читур метавонанд инро тавзеҳ диҳанд ?

Тахтиравончӣ  афзуд : Эрон барои ҳар эҳтимоле омодааст ва барои ҳифозат аз мардуму миллаташ ҳар иқдоме,ки лозим бошадро анҷом хоҳад дод.

Тахтиравончӣ дар посух ба иддаоии Рофоэл Груси – мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи эҳтимолии ҷо ба ҷои беш аз 400 килограми уран бо ғанисозии зиёд  пеш аз ҳамлаи Амрико гуфт : “ Намедонам он мавод куҷо ҳастанд ; наметавонам нуктае беш аз ончӣ гуфтам , изофа кунам ва ба ҳамин басанда хоҳам кард.“

Дипломати Эрон ҳамчунин дар посух ба инки оё Эрон пас аз ҳамлаи ғофилгиркунандаи режими саҳюнистӣ ва Амрико , мавзеи худро дар бораи истифода аз силоҳҳои ҳастаии тағйир додааст, гуфт : Мавзеи Эрон дар бораи Паймони манъи густариши силаҳҳои ҳастаӣ (NPT) ҳамон мавзеb қаблӣ аст ; Эрон ба дунболи силоҳи ҳастаӣ намеравад, чун хилофи докторини дифоӣ ва фатвои Раҳбари инқилоби исломӣ аст, зимни инки силоҳҳои ҳастаӣ наметавонанд амният тавлид кунанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha